|
Мубодила бо рўйхатњои мизољони ТМХ аъзоёни АТМХТ бо маќсади устувор намудани шаффофият ва фазои солимї бахши маблаѓгузории хурд дар Тољикистон љињати пешгирї кардани мутамарказонии аз њад зиёд ва ўњдадорињои носолими молиявї дар назди мизољони ќарзгиранда, барои паст кардани хавфи ќарзї, инчунин кам кардани харољотњои муомилотї ва мўњлати сарфгардида барои барасмиятдарории ќарзњо гузаронида мешавад.
Аз моњи октябри соли 2008 сар карда 8 ташкилоти маблаѓгузории хурди аъзоёни АТМХТ дар вилояти Суѓд дар асоси меморандуми имзошуда мубодилаи рўйхатњои мизољони мусбату манфиро дар вилояти Суѓд ба амал мебароранд. Дар моҳи апрели соли 2009 байни 8 ТМХ оиди мубодилаи рўйхатњои аъзоёни ТМХ дар навоњии тобеи љумњурї ва вилояти Хатлон меморандум ба имзо расид. Ассотсиатсияи ташкилотњои маблаѓгузории хурди Тољикистон тавассути идораи асосї ва намояндагињои вилоятњои Суѓду Хатлон муттањидгардонии рўйхатњои пешнињодгаштаи аъзоёни ТМХ-ро амалї намуда, њар рўзи љумъа шакли чамъбастии рўйхати мизољони ТМХ-ро мефиристанд. Дар мубодилаи рўйхатњои мизољон танњо њамон ТМХ иштирок мекунанд, ки меморандум дар бораи њамкориро имзо карда бошанд. Њамин тавр, ТМХ – аъзоёни АТМХТ барои иштирок намудан дар мубодилаи рўйхатњои мизољон манфиатдоранд, бояд барои имзо намудани меморандум оиди њамкорї ба АТМХТ мурољиат намоянд.
|