Бонки рушду таљдиди Аврупо (БРТА)
Бонки таљдиди рушди Аврупо ташкилоти молиявии байналхалќї мебошад, ки лоињањои 29 мамлакатро аз соњили Балтика то Осиёи Марказї дастгирї менамояд. Вай пеш аз њама бахши хусусиро сармоягузорї мекунад, ки эњтиёљоти онњоро бозор пурра ќонеъ гардонида наметавонад. Бонк соњибкориро пешнињод намуда ба гузариш ба иќтисоди бозории озод ва демократї мусоидат мекунад.
Корпоратсияи Байналхалќии Молиявї (КБМ)
Корпоратсияи Байналхалќии Молиявї аъзои гурўњи Бонки умумиљањонї буда, барои одамон шароит муњайё месозад, ки фаќрро бартараф намуда, сатњи зиндагии худро баланд бардоранд. Вай рушди устувори иќтисодиётро дар мамлакатњои рў ба инкишоф бо роњи дастгирии сармояи хусусї ва пешнињоди хизматрасонињои машваратї ва хизматрасонии кам кардани хавф дар бахшњои давлатї ва тиљоратї дастгирї менамояд.
Oikocrede, Ecumenical Development Cooperative Societv, V.A.
Oikocrede яке аз калонтарин ташкилотњои молиявии бахши маблаѓгузории хурди љањон буда, лоињањои васеъ намудани дастрасии табаќањои нисбатан камбизоати ањолиро ба захирањои молиявї сармоягузорї менамояд.
PlaNIS
PlaNIS фаъолияти Planet Finance мебошад, ки барои пешнињоди машваратњо аз рўи сармоя барои маблаѓгузории хурди хазинањои масъули иљтимої махсус гардонда шудааст. PlaNIS ТМХ-ро дар тамоми љањон бањо дода, эњтиёљоти онњоро ба молиякунонї муайян менамояд.
Triodos investment Management BV
Triodos investment Management BV љузъи Triodos Bank Group буда, соҳиби иљозатномаи бонки мустаќил ва якчанд филиал дар Нидерландия, Белгия, Олмон, Британияи Кабир ва Испания мебошад. Бонк дар љањон аз љињати устуворї мавќеи баланд дорад. Соли 2009 Triodos аз рўи љамъбасти рўзномаи Finansial Times устувортарин бонк дар љањон дониста шуд.