|
Дар соли 2008 дар чањорчубаи корњои баланд бардоштани шаффофияти бахши маблаѓгузории хурди Тољикистон АТМХТ якљоя бо маркази иттилоотии байналхалќии Mix Market ба татбиќи барномаи «Бенчмаркинг барои ТМХ Тољикистон» шурўъ кард.
Маќсади асосии лоињаи «Бенчмаркинг барои ТМХ Тољикистон» баланд бардоштани шаффофияти ТМХ-и људогона ва дар маљмўъ соњаи маблаѓгузории хурди Тољикистон мебошад. Бо ёрии он ТМХ-и Тољикистон метавонанд обруи мусбатии худро дар сатњи байналхалќї ба ќолаб андозанд, пањлўњои пурќувват ва заифи кори худро муайян намуда фаъолияти худро ба дигар намояндагони бахши мабалѓгузории хурд муќоиса намоянд ва дар нињоят љолибияти худро барои сармоягузорї дар назди донорњо ва сармоягузорон баланд бардоранд.
Microfinance information exchange имрўз ягона ташкилоти махсусе мебошад, ки барои гузаронидани тањлилњои муќоисавии фаъолиятии ТМХ дар тамоми љањон махсус гардонида шудааст. Ѓайр аз ин, лоињаи Mix Market ба барпо намудани низоми босамари табодули маълумот байни ташкилотњои маблаѓгузории хурд дар љањон равона карда шудааст.
Дар асоси маълумотњое, ки ТМХ-и Тољикистон оиди кори худ дар бахши хизматрасонии маблағгузаронии хурд пешнињод менамоянд, мутахассисони АТМХТ якљоя бо Mix Market имконият пайдо мекунанд, ки пойгоњи ахборотиро љињати тартиб додани шаклҳои (профилҳои) ахборотии инфиродии ТМХ таҳлил намоянд. Ҳамин тавр, ташкилоте, ки оиди кораш дар АТМХТ маълумот пешнињод менамояд, ба шабакаи ягонаи Mix Market, ки ташкилотњои маблаѓгузории хурдро дар тамоми љањон дар бар мегирад, дохил карда мешавад.
Ширкат дар ин лоиња ба ТМХ-и Тољикистон новобаста аз шакли ташкили њуќуќї ё сатњи рушд имконият медињад, ки фаъолияти худро бо кори дигар ташкилотњои маблаѓгузории хурди љањон аз рўи як ќатор меъёрњо муќоиса намоянд.
Ташкилоте, ки дар бораи фаъолияти худ маълумот пешнињод менамояд, ба шабакаи ягонаи Mix Market шомил карда мешавад. (www.mixmarket.org). Вобаста аз дараљаи шаффофияти маълумотњо ба њар як ТМХ барои «Шаффофият» бањои инфиродї дода мешавад. Ѓайр аз ин, ташкилоте, ки дар лоиња иштирок менамояд, ба шарњи умумиљањонии рушди маблаѓгузории хурд њамроњ карда мешавад.
Имрўз шумораи ТМХ-и аъзои АТМХТ дар Mix Market 44 ададро ташкил медињад. Мувофиқи миќдори маълумотњои пешнињодгардида ба њар ташкилот брилиантика дода мешавад. Њолати сатњи шаффофияти бахши маблаѓгузории Тољикистон ва Осиёи Марказї дар даграммаи зерин инъикос ёфтааст.

Форма
Ранги сабз, миќдори ТМХ-е, ки соли 2009 ба Mix Market ворид карда шудаанд.
Ранги сурх, миқдори ташкилотњое, ки маълумотњои молиявиашонро дар давраи њисоботї пешнињод намудаанд.
|