Точ
Рус
Eng

Қурби асъор 19.05.2012
 
1 USA= 4.7622 TJS
 
1 EUR= 6.0547 TJS
 
10 RUS = 0.1532 TJS

Тамос:

734003, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш.Душанбе, кўчаи Фирўз 14,
Тел: +992 44 600-57-93
Факс: +992 44 600-57-94
Почтаи эл.: office@amfot.tj


Фаъолияти аксарияти Ташкилотҳои маблағгузории хурд тамоили иљтимої дорад. Онҳо фаъолияти худро пеш аз ҳама барои аз байн бурдани камбизоатї, кор бо қишри аҳолие, ки ба хизматрасонии молиявї фаро гирифта нашудааст, баланд бардоштани фаъолияти худшиносии занон ва рушди љомеъа равона кардаанд. Аз ин рў, дар рафти иљрои ин вазифаҳо эҳтимол аст, дар хусуси сатҳи самаранокии татбиқи вазифаҳои иљтимої, дар бораи харољотҳои бо ин алаоқаманд, мавқеъгирї ба натиљаҳои иљтимої, нишондиҳандаҳои молиявї ва ғайра, савлҳо пайдо шаванд.

Ба ин саволҳо санљиши таъсири иљтимої љавоб дода метавонад. Таъсири иљтимої -ин ифодаи самараноки татбиқи вазифаи ташкилот дар амал, мебошад. Идоракунии таъсири иљтимої (ИТИ)- Низоме мебошад, ки ташкилот барои назорат, дарк ва баланд бардоштани таъсири иљтимоии худ истифода мебарад. Он тасвияти (формализатсияи)  раванди татбиқи вазифаи ташкилотро дар амал, ки гузоштани мақсадҳои иљтимоиро дар бар мегирад, назорат аз болои таъсири иљтимої ва истифодаи ин маълумотҳоро барои муносиб (оптимизатсия) кардани фаъолият, дар назар дорад.

Идоракунии таъсири иљтимої як қатор бартариҳо дорад. Аввалан, он метавонад самаранокии (фаъолияти) ташкилотро дар раванди мубориза бо истиснои молиявї ва камбизоатї нисбатан хеле баланд бардорад. Самаранокии Идоракунии таъсири иљтимої ба обрўи ташкилот, рақобатпазирии он ва имконияти кор карда баромадани маҳсулотҳо ва хизматрасониҳо, ки барои камбизоатон арзиши воқеї доранд, таъсири  мусбат расонда метавонад. Ҳоло шумораи ҳарчї бештари ТМХ манфиатҳои мизољонро ба инобат гирифта, хизматрасониҳоеро кор карда пешниҳод менамоянд, ки љавобгўи   талаботҳои мизољон мебошанд. Идоракунии таъсири иљтимої, мавқеъгирии аниқро, ки барои татбиқи ҳадафҳои иљтимоии шумо зарур аст, таъмин намуда, дар ин кор саҳми арзанда мегузорад. Таљрибаи бисёр ташкилотҳое, ки дар барномаҳои иштирок менамоянд, нишон медиҳад, ки идоракунии таъсири иљтимої, сармоягузории фоидаовар мебошад. Сарфаи маблағ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо, ки аз истифодаи идоракунии таъсири иљтимої ба даст меояд, назар ба  маблағу вақте, ки барои љорї кардан ва хизматрасонии он сарф мешавад, хеле зиёдтар мебошад. Баландшудани росткории мизољ ва суръат бахшидан ба рушд низ аз бартариҳои идоракунии таъсири иљтимої мебошанд.

Имрўз на танҳо донорҳои иљтмої, ТМХ,  ҳамчунин мақомотҳои давлатї ҳам, ҳавасман ҳастанд, бубинанд, ки ТМХ вазифаҳои иљтимоии худро чї гуна иљро менамоянд? Барои татбиқи ин ғоя бо дастгирии GTZ  ва Маркази Ташкилотҳои маблағгузории хурд курси тайёр кардани фасилилилаторон барои гузронидани аудити олотҳои сифатї  гузаронида шуд. Ҳозир мумайзҳои (экспертҳои) маҳаллї дар арафаи гирифтани сертификат қарор доранд ва дар вақтҳои наздиктарин онҳо ба гузаронидани аудити сифатии ТМХ оғоз мекунанд. 

 
 
 
Шарикон: Инвесторҳо:
   

омор
© АМФОТ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2010 Сайт бо мусоидати маблағгузории GTZ таҳия карда шудааст Дар ПРОМОУШН кор карда шудааст