Точ
Рус
Eng

Қурби асъор 04.02.2012
 
1 USA= 4.7581 TJS
 
1 EUR= 6.3024 TJS
 
10 RUS = 0.1579 TJS

Тамос:

734003, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш.Душанбе, кўчаи Фирўз 14,
Тел: +992 44 600-57-93
Факс: +992 44 600-57-94
Почтаи эл.: office@amfot.tj


1. Шархи хармохаи иттилооти

Намояндагии минтакавии АТМХТ дар вилояти Хатлон аз аввали соли 2010 ба накша гирифтааст, ки шархи иттилоотиро оиди вокеахои бахши маблаггузории хурди вилоят дар бораи лоихахои чори ва инчунин оиди ахборот дар гурўхи МХ нашр намояд.

2. Мубодила аз рўи рўйхатхои мизочони АХМХТ

Бо максади паст кардани сатхи таваккалхои карзи дар вилояти Хатлон дар асоси созишномаи байни ташкилотхои маблаггузории хурд, намояндагии АТМХТ дар вилояти Хатлон бо нияти мубодила намудан бо рўйхатхои мизочони ТМХ-и аъзоёни АТМХТ баромад намуд. Акидаи мазкур аз чониби ТМХ дастгири ёфт. Айни замон 9 ТМХ оиди хамдигарфахми ва хамкори аз рўи мубодилаи рўйхатхои мизочон ёддошти тафохум ба имзо расонданд ва хафтае 1 маротиба рўйхатхои мизочони карзиро ба АТМХТ пешниход менамоянд. Дар навбати худ АТМХТ маълумотро чамъбаст намуда, ба ТМХ, ки ёддошти тафохумро имзо кардаанд, ирсол менамояд. Мувофики банди 6.1. созишномаи ба имзорасида, муассисахои молиявии ширкаткунанда дар Кумитаи мушохидави 3 нафар намояндаро аз шумораи умумии муассисахои ширкаткунанда дар мубодилаи рўйхатхо интихоб намудаанд. Масъалаи асосии Кумитаи мушохидави ошкор ва хал намудани зиддияти манфиатхо ва инчунин риоя накардани ёддошти тафохуми чорист. Кумитаи мушохидави аз чониби идораи минтакавии АТМХТ аз рўи зарурият, 3 рўз пеш аз рўзи кори хабардор карда шуда, даъват карда мешавад. Кумитаи мушохидави хар як 6 мох интихоб мешавад; дар натича муассисахои ширкаткунанда тибки низомномахо ва ёддошти тафохум аз нав интихоб мешаванд. Бахсхои байни муассисахои молиявии ширкаткунанда, инчунин байни муассисахои молияви ва идораи минтакавии АТМХТ аз чониби Кумитаи мушохидави супорида ва барраси мешаванд. Кумитаи мушохидави аз паси худ хукуки гузарондани тафтиши мундаричаи махзани маълумотхои мизочони ТМХ-и ширкаткунандаро дар холати ба амал омадани бахсхо ва низоъхои байни ТМХ бо максади кабули карори бетарафона мегузорад.

3. Тренингхои намояндагихои минтакавии АТМХТ.

Охири хар мох тахлили талаботхои иштирокчиёни бахши МХ дар маводхои тахсилоти, тренингхо ва машваратхо гузаронда мешаванд ва дар асоси тахлили мазкур дар аввали сол накшаи тренингхо барои сол тартиб дода мешавад.

Иштироки кормандони ташкилотхои аъзоёни АТМХТ аз чониби АТМХТ ва харифон дастгири меёбанд.

4. Тахлили рушди бахш дар вилояти Хатлон.

Намояндагии АТМХТ дар вилояти Хатлон ба накша мегирад, ки маърўзаро оиди рушди бахши МХ дар вилоят ирсол намояд. Маърўзаи мазкур дар асоси маълумотхои ташкилотхои аъзоёни АТМХТ, ки чамъ ва баъд муттахид мешаванд, тахия мегардад.

5. Машварати MixMarket, махзани маълумотхои АТМХТ

- Маслихатхо тавассути саридораи АТМХТ:

Аъзоёни АТМХТ дар вилояти Хатлон ба маслихатхои оиди фаъолияти ТМХ (ройгон) дастраси доранд.

- Кумак барои бакайдгири дар сомонаи MIX Market (бакайдгири дар холати чустучўи сарпарастон ва донорон муфид аст).

- Имконияти ба кор гирифтани маслихатчиён/мураббиён (хизматрасонии музднок барои хама). Мурабби ва маслихатчиёни Маркази техникии Олмон ва дигар шарикони АТМХТ хизматрасонихои машваратиро ба ТМХ пешниход менамоянд.

6. Гузарондани чаласахои минтакавии аъзоёни АТМХТ

Тахминан дар семоха 1 маротиба идораи минтакавии АТМХТ дар вилояти Хатлон бо намояндагони ТМХ-и аъзоёни АТМХТ чаласа мегузаронад. Дар чаласахои мазкур масъалахои хеле мухим ва душворихои бахши маблаггузории хурд чи дар вилоят ва чи дар Точикистон мухокима мешаванд. Инчунин оиди хабархо дар сохаи маблаѓгузории хурд дар бораи рўйдодхое, ки ба накша гирифта шудаанд ва баъзеи онхо аллакай гузаштаанд, гуфта мешавад. Кормандони идораи минтакавии АТМХТ муаррифкунии худро оиди мавзўъхои зарури ва хисоботро оиди рушди бахш дар вилоят пешниход менамоянд.

 
 
 
Шарикон: Инвесторҳо:
   

омор
© АМФОТ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2010 Сайт бо мусоидати маблағгузории GTZ таҳия карда шудааст Дар ПРОМОУШН кор карда шудааст