|
Таърих ва заминаи таъсиси Маркази таълимї ва Рушди маблаѓгузории хурд
14 октябри соли 2010 Маркази Таълими ва Рушди маблаѓгузории хурди Тољикистон (МТРМХТ), ки Ассотсиатсияи ташкилотњои маблаѓгузории хурди Тољикистон таъсис додааст, расман ба ќайд гирифта шуд. Акнун Маркази таълимї бо салоњияти Љамъият дорои масъулияташ мањдуд дар назди АТМХТ чун воњиди мустаќил фаъолият менамояд.
Маќсади таъсиси Маркази омўзиш ва Рушд маблаѓгузории хурд дар Тољикситон:
- пешнињод намудани хизматрасонињои баландихтисоси таълимї (омўзиши), илмї-тадќиќотї ва ѓайра ба бахши маблаѓгузории хурд;
- такмил ва баланд бардоштани сатњи кордони ва тахассусии кормандони ташкилотњои маблаѓгузаронии хурд ва бонкњо;
- Рушди хизматрасонињои маблаѓгузории хурд тавассути љорї намудани мањсулотњои иноватсионї ва технологї дар ташкилотњои молиявии Тољикистон.
Шакли ташкилї-њуќуќї:
ЉММ «Маркази Таълим ва Рушди маблаѓгузории хурди Тољикистон»
Вазифа
Пешниҳоди хизматрасонињои босифат љињати баланд бардоштани тахассуси касбии кормандон ва рушди иќтидори бахши молиявии Љумњурии Тољикистон.
Биниш
Пешоҳанги тайёр намудани мутахассисони корон ва љорї намудани навоварињо дар соњаи хизматрасонии молиявї дар Љумњурии Тољикистон.
Таърихи Рушди хизматрасонињои таълимї барои бахши маблаѓгузории хурд аз соли 2004, баъди ташкил ёфтани Ассотситсияи ташкилотњои маблаѓгузории хурди Тољикистон, ки дар асоси хоњишњои аввалини муассисони Ассотсиатсия барои аъзоёни АТМХТ аввалин семинару машваратњо пешнињод шуда буданд, оѓоз мегардад. Ин сол боз аз он љињат хотирмон аст, ки мањз дар соли 2004 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Ташкилотњои маблаѓгузории хурди Тољикистон» ќабул гардид. Мутобиќи ин санад њамаи ташкилотњое, ки њамон ваќт дар бахши маблаѓгузории хурд хизмат пешнињод мекарданд, бояд аз ќайд гузашта аз маќомоти танзимкунанда барои иљроиши ин намуди фаъолият, иљозатнома ва сертификат мегирифтанд.
Ин барои Ассотсиатсия ва ољонсиҳои техникии онро љонибдор љињати тањияи наќшаи нахустини тренинг ва семинарњо барои баланд бардоштани огоњии бештари кормандони ТМХ оид ба љанбањои мухталифи њуќуќї, пойгоњи боэътимод гардид. Њамин тавр, масъалањои ба интихоби шакли дахлдори азќайдгузарии ТМХ, тартиби баќайдгирї, ташкили дурусту касбии бањисобгирии муњосибї, масъалањои пардохти андоз мавзўъњои тренингу семинар ва машваратњои нахустин буданд.
Мушкилоти асосие, ки ассотсиатся дар давраи барќароршавии фаъолияти худ рў ба рў гардид, дар ин зоњир мегардид, ки ТМХ навтаъсис гарчанде, ки ба хизматрасонињои таълимии Ассотсиатсия эњтиёљ доштанд, њаќќи ин хизматрасонињоро пардохт кардан намехостанд, зеро онњо таљрибаи тўлонї андўхта буданд, ки пештар њамагуна тренингу семинарњои омўзиширо љониби ташкилотњои маблаѓгузори (донор)‑и байналхалќї, ройгон пешнињод менамуд.
Дар назди Ассотсиатсия масъалае меистод, ки тафккури намоянлагони бахшро таѓйир дињад ва онњоро одат кунонад, ки њаќќи хизматрасонињоро пардохт намоянд. Њалли ин масъла бе кўмаки љамъияти њамкории техникї Олмон (GTZ), ки дар он давра рушди инфрасохтори бахши маблаѓгузории хурди Тољикистонро дастгирї ме намуд, ѓайриимкон буд. Дар соли аввали фаъолияти АТМХТ танњо 10-15% харољотњои тренингу семинарњоро аз њисоби иштирокчиён пўшонида мешуд, ќисми боќимондаи харољотњо аз њисоби грантњои (GTZ) пардохт мешуд.
Дар оѓози рушди хизматрасонињои таълимї талабот ба мавзўъњои муайяни тренингњо дар чорчўбаи тадќиќотњои васеъи махсус ташкил намуда, омўхта намешуд ва он аз љониби АТМХТ ба андозаи фањмиши вазияти баамаломада, пешнињод мегардид.
Оғоз аз охири соли 2005 пурсиши њарсолаи аъзоёни АТМХТ гузаронида мешавад, ки тавассути он муносибати онњо ба зарурати пешнињоди тренингњо оид ба ин ё он мавзўъ (муњимият, хоњиши гирифтани дониш ва малака), инчунин сифати хизматрасонињои пешнињоднамудаи АТМХТ ва имконияти пардохти ин хизматрасонињо омўхта мешуданд. То охири соли 2009 ин татќиќотњо дар чањорчўбаи умумии Бањодињии фаъолияти АТМХТ барои давраи муайян. Лекин шурўъ аз соли 2010 дар чањорчўбаи маркази таълимии таъсиснамудаи АТМХТ, омўзиши (потенсиали) иќтидори рушди ба дастовардаи кормандони ТМХ (Carpacity assessment), омўзиши талабот барои баланд бардоштани тахассуси њам кормандони ТМХ ва хам бонкњои тиљоратї, ташкил карда мешавад.
Њамчунин тамоили мусбати рушди пардохтпазирии ТМХ дар давраи солњои 2005 то 2010 мушоњида мегардад. Агар дар давраи аввал иштирокчиён имконияти пардохти фаќат 15 фоиз харољотњои тренинњоро дошта бошанд, пас дар соли 2006 вазъият беҳтар гардид ва 30-35 фоизи харољотњо аз њисоби аъзоњаќии иштирокчиён пўшонда мешуд. Дар солҳои 2007‑2008 вазъият боз беҳтар гардид. Пардохтҳои иштирокчиён мутобиқан ба 50‑65 воиз расиданд. Дар соли 2009 маљмўъи худтаъминкунии тренингҳо дар баъзе минтақаҳо (масалан вилоятҳои Хатлон ва ВМКБ 65‑70 фоиз боқї монда бошад ҳам) вале дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеъи марказ, ва вилояти Суғд ба 95 фоиз расид.
Дар соли 2010 дурнамо (стратегия) љиҳати ба дараљаи худтаъминкуни расондани хизматрасониҳо тағйир ёфт. Агар солҳои пеш тренинги барои бахш эълоншуда дар ҳолати 12 нафар будани иштирокчиёнаш, сарфи назар аз пўшондан ё напўшондани харољотҳояш, ҳатман гузаронида мешуд. Аз соли 2010 сар карда, бо қарори гурўҳи кории АТМХТ, тренинг танҳо дар ҳолати пурра пўшондани харољотҳо гузаронида мешавад. Ин қарор дар натиљаи Нақшаҳои Маљлиси умумии Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд оиди таъсис додани сохтори људогонаи тиљоратї барои пешниҳоди барномаҳои таълимї ва ба мақсад мувофиқ будани пешакї, дар давоми сол баҳогузории ин имкониятҳо ва муносибатҳои нав, қабул карда шуд.
|