IC Муҳосибӣ
Барномаи IC муҳосибот барои автоматикунонии ҳисобҳои муҳосибавӣ ва фаъолияти қарзӣ-амонатии Ташкилоти маблағгузории хурд пешбинӣ шудааст. Ҳисобгирӣ дар пойгои ягонаи иттилоотӣ бо ба таври автоматӣ гирифтани тавозун ва дигар ҳисоботҳои тартибӣ амалӣ мешавад.
Loan Performer
Замимаи LOAN PERFORMER дар асоси Microsoft visual Foxpro 7.0 ва VB.NET таҳия шудааст ва якҷоя бо пойгоҳи (базаи) маълумотии Visual Foxpro ё сервери SQL фурухта мешавад. Ин барномаро Ташкилотҳои маблағгузори хурд ба таври дастҷамъона метавонанд истифода баранд. Дар он маълумотҳои асосӣ дар бораи мизоҷ, амалиёт бо қарзҳо пасандозҳо ва саҳмҳо оварда шудааст. Ҳангоми ба кор даровардани ҳар як амалиёти молиявӣ дар Китоби асосӣ навиштаҷоти дахлдор ба таври автоматӣ сабт мешавад. Дар замимаи барномавӣ ҳамчунин модули Активҳо ва хариду фуруш низ ҳаст.Ба кор даровардани амалиётҳои дигари молиявӣ ва гирифтани ҳисоботҳои молиявӣ дар охири ҳар як рӯзи корӣ имконпазир аст.
LOAN PERFORMER ҳам бо мизоҷи инфиродӣ ва ҳам бо гурӯҳи мизоҷон кор мекунад. Пасандозҳо ва қарзҳо метавонанд ҳам дар сатҳи ҳамаи гурӯҳ ва ҳам дар сатҳи аъзои гурӯҳ ба ҳисоб гирифта шаванд. Ин имкон медиҳад, ки барномаи таъминкунӣ дар низомҳои (системаҳои) гуногуни қарздиҳӣ аз ҷумла Solidarity, Villige-Banking ва Grameen истифода бурда шавад.
Octopus
Octopus - барномаи таъминкунандаи ройгоне аст, ки танҳо бо забони англисӣ дастрас мебошад. Octopus ва шарикони вай барои Ташкилотҳои Маблағгузории хурд якчанд намуди хизматрасониро пешкаш менамоянд: ТМХ гузоштан: аз ҳафтаи якуми насби пойгоҳи (базавӣ) барои то ба кор андохтани МФИ ва пурра паҳн кардани он дар Ташкилотҳои маблағгузории хурди филиалҳои зиёд дошта, аз ҷумла интиқоли маълумотҳо ва бозомӯзии кормандони онҳоро дар бар мегирад.
Дар хотир дошта бошед, ки дар ҳамаи ин ҳолатҳо, MIS барномаи пешоҳанг нест ва он мисли чӯткаи дандоншӯӣ ва ё автомобил «барномаи пешрафта» нест ва он иштироки Шуморо талаб мекунад. MIS на танҳо аз компютер иборат аст. Онро одам идора мекунад. Методологияи мо ҳамеша аз ташкил намудани командаи Octopus аз ҳисоби муҳосибон, маъмурони қарздиҳанда ва мутахассисисони технологияи иттилоотии ТМХ шурӯъ мешавад. Нигоҳ доштан ва мунтазам такмил додан: хизматрасонии техникӣ ва дастгирии шартномаҳои солона. Вобаста аз дараҷаи интихобнамудаатон шумо барои машваратгирӣ ва мунтазам беҳтар намудани фаъолиятатон (аз ҷумла иштибоҳи резолютсия) метавонед аз зинаи дуюми мо дар давоми як сол якчанд функсияҳои навро истифода баред.
|