|
Барномахои карзи хурд дар Точикистон солхои 1998-2000 аз чониби ташкилотхои байналхалкии Care International, Mercy Corps, AKTED, Фонди Огохон, Агроаксияи Олмон, Counterpart Consortium, Барномаи рушди СММ ва ташкилотхои гайридавлатии Ассотсиатсияи миллии занони сохибкори Точикистон (АМЗСТ), Ташкилоти чамъиятии «Ситораи Начот», Ташкилоти гайридавлатии «Мехрангез», Ташкилоти гайридавлатии «Оила» барои амали гардидан, огоз намуданд.
Натичахои асосии кори лоихахои татбикшудаи аз чониби ташкилотхои мазкур ин вусъати вокеии рох ёфтани одамони сатхи даромадашон паст ба манбаъхои маблаггузори барои пешбурди тичорати хурд, иштирок дар савдо, фаъолияти истехсоли, инчунин пешниходи хизматрасонии микёси хурд гардид.
Нуктаи асоси барои ташаккули махзани конунгузори ва меъёрию хукукии фаъолияти ташкилотхои маблаггузории хурд ва рушди бахши маблаггузории хурди Точикистон ин дар асоси Меморандум дар бораи якдигарфахмии байни Бонки миллии Точикистон ва USAID-и аз чониби Корпоратсияи байналмиллалии молияви тахиягардида ва Конуни соли 2004-ум кабулгардидаи Чумхурии Точикистон «Дар барои ташкилотхои маблаггузории хурд» гардид. Чорахои конунгузории кабулшуда барои ба танзим даровардани асосхои хукуки ва ташкилии фаъолияти маблаггузории хурд имкон дода, бахши маблаггузории хурди Точикистонро ба кисми асосии низоми молиявии милли табдил медиханд, ки он манбаъхои маблаггузориро ба ахолии бештар ниёзманд пешниход намуда, рушди сохибкори ва тичорати хурдро таквият мебахшад.
Ассотсиатсияи ташкилотхои маблаггузории хурди Точикистон ташкилоти гайритичорати махсуб ёфта, ташкилотхои фаъолияти маблаггузории хурд, инчунин бархе аз ташкилотхои ба рушди маблаггузории хурди Точикистон манфиатдорро дар асоси ихтиёри муттахид сохта, амали менамояд.
Ассотсиатсия мохи январи соли 2004 расман ба кайд гирифта шуда, яке аз аввалин ташкилотхои хамин навъ дар минтакаи Осиёи Миёна махсуб меёбад. Ибтидои фаъолияти ассотсиатсия дар соли 2000-ум ба рох монда шуда буд, ки якчанд ташкилотхои гайридавлатии ба татбики барномахои маблаггузории хурд машгулбуда, дар ибтидои чамъияти ба Иттифоки ташкилотхои маблаггузории хурди Точикистон барои халли масъалахои муштарак ва химояи хукуку манфиатхои худ муттахид мешуданд.
Ба иттифоки ТМХ Точикистон чун ташкилотхои махаллии Ташкилоти Чамъиятии «Ситораи начот». Ташкилоти гайридавлатии «Мехрангез», «Ассотсиатсияи занони сохибкори Точикистон» (АЗСТ), инчунин ташкилотхои байналмиллалии Care International, Mercy Corps, AKTED, Фонди Огохон, Агроаксияи Олмон, Counterpart Consortium, дохил шуданд.
Аз мохи феврали соли 2005 ассотсиатсия хамкории босамарро бо Чамъияти Олмон оиди хамкории техники (GTZ) дар доираи лоихаи «Дастгирии хизматрасонии хурди маблаггузори дар минтакахо» ва Иттиходи маблаггузории хурди II Осиёи Миёна (CAMFA II) - лоихаи маблаггузори кардашудаи USAID ва амалинамудаи ACDI/VOCA огоз намуд.
Аз мохи ноябри соли 2006 ассотсиатсия бо Агентии Рушд ( ICCO) – ташкилоте, ки бо донишкадахои молиявии аз нав таъсисёфта дастрасии хизматрасонии мунтазами маблаггузориро барои ахолии камбизоат ва одамони камдаромаддошта бо афзалияти маблаггузории дехот таъмин менамояд, хамкориро ба рох монд.
Рушди хизмати Олмон (DED) яке аз хизматхои пешбари аврупои оид ба фиристодани экспертхо махсуб ёфта, аз соли 2006 ба ассотсиатсия барои рушди донишкадавии тобеи идораи АТМХТ дар ш. Хучанди вилояти Сугд мушовиреро вогузор намуд.
Аз соли 2009 АТМХ Точикистон хамкориро бо GTZ барномаи минтакавии дастгирии бахши маблаггузории хурд дар Осиёи Миёна огоз намудааст.
Ба шарофати дастгирии хамачонибаи ин ташкилотхо Ассотсиатсияи ташкилотхои маблаггузории хурди Точикистон (АТМХТ) маркази захирахои гуногуни бахши маблаггузории хурд ва форуми умумимилли барои хамкории ташкилотхои маблаггузории хурд бо Хукумати Чумхурии Точикистон, Бонки миллии Точикистон, макомотхои дигари танзимкунанда, ахли чомеа, донорон ва маблаггузорони байналхалки гардид.
АТМХТ кўшиш менамояд шабакаи миллии устувори донишкадахои маблаггузории хурдро, ки иштирокчии асоси дар кабул намудани карорхои низоми молиявии кишвар мебошанд, ба шакли муайян дароварда, дар доираи хадафхои худ АТМХТ ба мухити хукукии мусоид ва ба ташкилотхои маблаггузории хурд хизматрасонии касбии таълимию машварати дода, инчунин ба чори намудани меъёрхои миллии фаъолияти маблаггузории хурд кўмак расонад.
АТМХТ ташкилоти нисбатан амалкунанда буда, кобилияти химояи манфиатхои аъзоёни Ассотсиатсияро дошта, дорои низоми иттилоотии фавриест, ки холати худро ба хамдигар мувофик карда, низоми пурсамари тайёри ва аз нав тайёр намудани кадрхоро барои бахши маблаггузории хурд, инчунин мохияти дастгирии ташкилотхои маблаггузории хурди миёнаву хурдро ифода менамояд.
Ассотсиатсия бо хама гуна донишкадахои маблаггузории хурд, новобаста аз шакли ташкилию хукукии онхо, макони чойгиршави, усулхои маблаггузори, хачму сатхи тараккиёт хамкори менамояд. Фаъолияти Ассотсиатсия дар усулхои поквичдони, шаффофият ва сифати баланди хизматрасони асос ёфтааст.
Айни замон Ассотсиатсия аз 76 ташкилотхои маблаггузории хурди дурнамои ва кобилиятнокро муттахид месозад.
|