|
Тартиби ба аъзогии Ассотсиатсияи Ташкилотхои маблағгузории хурди Точикистон дохил шудан, чунин аст.
Барои ба аъзогии Ассотсиатсия дохил шудан, зарур аст, ки маќсад ва вазифахои мухими ташкилотхои ба аъзогии АТМХТ хохиши дохил шудан намудаанд, ба маќсад ва вазифахои АТМХТ мухолифат накунанд.
28 январи соли 2010 дар чаласаи умумии аъзоёни АТМХТ меъёрхои аъзогии ташкилотхои маблағгузории хурд ба АТМХТ муќаррар гардиданд, ки тибќи онхо ташкилот бояд ба меъёрхои зерин мувофиќат намояд.
- портфелхои ќарзии ташкилот бояд ба хамарзиши на кам аз 10 000 доллари ИМА ќарор дошта бошанд;
- ташкилот бояд дар бозори маблағгузории хурд на кам аз 6 мох фаъолият намояд;
- бартарии портфел бояд на кам аз: 5% камтар, аз 30 рўз зиёдтар бошад;
- хисоботхоро босифат ва сари ваќт ба АТМХТ ва дигар маќомотхои танзимкунанда пешниход намояд;
- хисоботхоро босифат ва сари ваќт ба маќомоти андоз пешниход намояд;
- талаботи Кодекси одоби хизматии аъзоёни АТМХТ-ро риоя намояд;
-маълумотро дар бораи ташкилоти худ ба MixMarket чойгир намояд.
Бояд минбаъд бо низомномахои Оиннома ва хуччатхои меъёрии дохилии АТМХТ шинос шуда, ба мудирияти ичроияи АТМХТ хуччатхои зеринро пешниход намояд:
- Ариза дар бораи ќабул ба аъзогии АТМХТ;
- Нусхаи шаходатнома дар бораи баќайдгирии шахсони хуќуќи;
- Нусхаи шаходатнома ё литсензияи Бонки миллии Точикистон барои хуќуќ пайдо намудани фаъолияти маблағгузории хурд (агар ТМХ бошад).
Инчунин бояд «Кодекси одоби хизматии аъзои Ассотсиатсияи ташкилотхои маблағгузории хурди Точикистон»-ро имзо намояд.
Ариза дар чаласаи умумии Ассотсиатсия барраси гардида, дар холати дохил шудани ташкилот ба аъзогии АТМХТ ќабул мегардад.
Ба ғайр аз ин зарур аст сахмхои аъзогиро, ки аз портфелхои ќарзии ташкилот вобастаги доранд, гузаронад.
|
Портфелхои ќарзии ташкилот
|
Маблағи сахмхо бо доллари ИМА
|
|
Зиёда аз 5,000,001 сомони
|
550
|
|
аз 3,000.001 то 5,000,000 сомони
|
450
|
|
аз 2,000.001 то 3,000,000 сомони
|
400
|
|
аз 1,000.001 то 2,000,000 сомони
|
350
|
|
аз 500.001 то 1,000,000 сомони
|
260
|
|
аз 250.000 то 500.000 сомони
|
150
|
|
Аз 250.000 сомони кам
|
100
|
Ташкилотхое, ки ба фаъолияти ќарзи машғул нестанд, сахмхои ќайдшударо ба маблағи 300 доллари ИМА пардохт менамоянд. Ин муттахид шудани аъзоги ном дорад. Сахми дохилшуда барои аъзои нави АТМХТ ба 200 доллари ИМА баробар аст.
Ба аъзоёни аз сари нав дохилшуда, сахмхои дохилшави ва харсола пардохт мешаванд. Агар аъзо дар миёнаи сол дохил шавад, он гох сахм тибќи шумораи моххои боќимондаи сол пардохт мегардад. Аъзоёни пештара ўхдадоранд сахмхои солонаро хар сол то охири мохи феврал супоранд.
Мисол: аъзои нав бо портфели 500,000 сомони дар аввали мохи май дохил мешавад, ин хаминро мефахмонад, ки ў бояд,
- сахми дохилшави 200 $,
- хаққи аъзогии харсола $ 150/12*8=$100
хамаги: $ 300-ро пардохт намояд.
|