Точ
Рус
Eng

Қурби асъор:
  1 USA= 4.3820 TJS
  1 EUR= 5.6514 TJS
  10 RUS = 1.4459 TJS

Наша команда

Фарход Акбаров – Директори иҷроияи АТМХТ
Маълумот:
Донишгоҳи давлатии технологияи иттилоотии Санкт- Петербург, факултаи «иқтисодиёт ва менеҷмент» дипломи олӣ бо ихтисоси «иқтисодчӣ»
ДДМТ, магистратура бо ихтисоси «молия ва қарз», магистри иқтисодиёт, дипломи олӣ
Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, факултаи ҳуқуқшиносӣ, бо ихтисоси «Ҳуқуқи шаҳрвандӣ»
Таҷрибаи корӣ:
2004-2008, сармуҳаққиқи лоиҳаи маблағгузории хурди ГТЦ
Аз аввали соли 2009 Директори иҷроияи АТМХТ

Масъулият дар АТМХТ:
- Муаррифии Ассотсиатсия ба тамоми мақомотҳои давлатӣ, дигар мақомотҳо ва намояндагиҳо.
- Идоракунии фаъолияти молиявию хоҷагидории Ассотсиатсия.
- Роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми кормандони мудирияти иҷроияи Ассотсиатсия.
- Татбиқи вазифаҳои Ассотсиатсия мувофики оиннома ва дигар низомномаҳои Ассотсиатсия.

Шӯҳрат Абдуллоев – муовини Директори иҷроияи АТМХТ
Маълумот:
Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, факултаи молиявии иқтисодӣ, диплом бо ихтисоси «иқтисодчӣ».
Донишгоҳи Небраски дар шаҳри Омах, дараҷаи магистр дар соҳаи тиҷорат
Таҷрибаи корӣ:
1999-2000, Ширкати миллии сайёҳии «Сайёҳ»
Аз соли 2005, ассистенти Директори иҷроияи (АТМХТ)
Масъулият дар АТМХТ:
- таҳлили омории фаъолияти аъзоёни АТМХТ
- махзани маълумотҳои АТМХТ
- мубодила бо рӯйхатҳои мизоҷони ТМХ
- ҳамкории Mix Market

Зарина Рахматова – ҳамоҳангсози маркази таълимии АТМХТ
Маълумот:
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи банақшагирии иқтисодӣ, диплом бо ихтисоси «иқтисодчӣ».
Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, факултаи ҳуқуқшиносӣ, диплом бо ихтисоси «ҳуқуқшинос»
Таҷрибаи корӣ:
1991-1998, иқтисодчии шӯъбаи банақшагирии ПО «Гидростройматериалы»
1998-2004, нозироти андози н. Ҳисор.
2004-2007, ассистенти кафедраи «Андоз ва андозбандӣ»-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон
2007 то ҳол ассистенти кафедраи «Молия»-и ДМТ
2007 то ҳол бизнес-тренер машваратчии ГТЦ/АТМХТ
2008 то ҳол ҳамоҳангсози маркази таълимии АТМХТ

Масъулият дар АТМХТ:
- Ташкил ва гузаронидани тренингҳо, семинарҳо, машваратҳо, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои дигари илмӣ дар доираи нақшаи кории тренингҳо оиди дархостҳои ҷории шарикон, тибқи тартиби таҳиягардида;
- Ташкил ва рушди нақшаи умумии тренингҳо барои сол (Душанбе, Хатлон, Суғд, ба ҳамаи донорҳо ва иҷрокунандагон);
- Омӯхтани камбудӣ ва талаботҳои аъзоёни АТМХТ дар тренингҳо ва машваратҳо;
- Ҳамоҳангсозии фаъолияти дастаи тренингҳои АТМХТ/ГТЦ

 

Наталья Сафарова – сармуҳосиби АТМХТ
Маълумот:
Донишгоҳи давлатиии миллии Тоҷикистон, факултаи «молиявӣ-иқтисодӣ», диплом бо ихтисоси «иқтисодчӣ»
Таҷрибаи корӣ:
1998-2002, ҶСК «Ориёнбонк»
2002-2204, ҶСШК «Тоҷиктелеком»
2004-2006, ҶСП «ТТ-Мобайл»
2006-2009, ҶСП «Telekomm Tehnology Ltd».
Масъулият дар АТМХТ:
- Баамалбарорӣ ва ташкили ҳисоби муҳосибии фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории ассотсиатсия тибқи сиёсати баҳисобгирии Ассотсиатсия;
- Якҷоя бо директори иҷроияи ассотсиатсия ба шакли муайян даровардани сиёсати баҳисобгирии ассотсиатсия, тартиб додан ва назорати сметаҳо, бароварди ҳисоббаробаркуниҳо ва ҳуҷҷатгузориҳои дигари молиявии ассотсиатсия, пешбурди амалиётҳои хазинавӣ ва бонкӣ дар барномаи «Муҳосибот-1С», дар асоси ҳисоботҳои ҳармоҳа тартиб додани ҳисоботҳои доимӣ;
- Ҳисоботи тароз, ҳисобот оиди даромад ва хароҷот, ҳисоботи маблағҳои пулӣ, буҷаи хароҷотҳо (хароҷотҳои банақшагирифташуда ва ҳақиқӣ)

 

Шӯҳрат Шорахмонов – ҳуқуқшиноси АТМХТ
Маълумот:
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи ҳуқуқшиносӣ, диплом бо ихтисоси «ҳуқуқшинос».
Таҷрибаи корӣ:
2002-2005, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2005-2008, Лоиҳаҳои USAID, ADB ва ҶСК «Бонки Эсхата».
Масъулият дар АТМХТ:
- расонидани хизматрасонии ҳуқуқӣ ва машваратҳо ба АТМХТ.
- Ташаккул ва ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳи кории АТМХТ.
- Ба ҷабҳаҳо тақсим кардани пешниҳодҳои таҳиягардидаи гурӯҳи корӣ.
- Тайёр намудани ҳуҷҷатҳо ва хулосаҳои ҳуқуқӣ.

 

 

Эрика Бюркле- муҳаққиқи CIM дар АТМХТ
Маълумот:
- Донишгоҳи шаҳри Бонн (дараҷаи магистр)
- Донишгоҳи шаҳри Лондон (UCL) ҳамчун ҷомеашинос бо тахассуси минтақавии собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шуравӣ дараҷаи магистра ва аспиранти номзади илм); Курси «Иқтисодиёти сиёсӣ дар Русия»-ро таълим медод.
- Курси ғоибонаи таълимӣ ба вазифаи муҳаққиқи бонкии мактаби молиявии Франкфурт ва менеҷмент дар Германия.
Таҷрибаи корӣ:
Аз моҳи феврали соли 2008, аъзои кумитаи муҳаққиқони Донишкадаи ҷамъиятии сиёсии сартосарии Германия (GPPI)
Аз моҳи октябри соли 2008, муҳаққиқи CIM оиди рушди АТМХТ.
Масъулият дар АТМХТ:
- Кор бо шарикони стратегии АТМХТ:
- Таҳияи субект барномаҳои нав;
- Фандрайзинг;
- Ҳамкорӣ бо шарикони нав ва ташкилотҳои дигари байналхалкӣ;
- Таҳия ва гузаронидани таҳқиқотҳои гуногун оиди масъалаҳо ва мавзӯъҳои муҳим барои бахш, ҳамчунин баҳодиҳӣ ба эҳтиёҷоти аъзоёни АТМХТ ва рушди стратегии Ассотсиатсия
- Таҳияи маводҳои нав ва ҳизматрасонӣ барои аъзоёни АТМХТ;
- Таҳия, пилотикунонӣ ва ҷорӣ намудани маводҳою хизматрасониҳо тавассути Маркази маблағгузории хурди захиравӣ (МФРЦ)
- Кор оиди тасвир намудани таҷриба, бо мақсади иттилооткунонии бахши маблағгузории хурд умуман дар Тоҷикистон ва махсусан барои аъзоёни АТМХТ.
- Кор бо гурӯҳҳои мақсадноки АТМХТ ва шарикони байналмилалии ӯ бо мақсади
маркетинги хизматрасонии Ассотсиатсия.
- Дастгирии АТМХТҳангоми таҳияи маводи маркетингӣ;
- Иштирок дар конференсияҳо ва дигар чорабиниҳо бо мақсади иттилооткунонии мақсадноки гурӯҳҳо оиди кори Ассотсиатсия.

Нигина Ҷумаева – менеҷери идораи АТМХТ
Маълумот:
Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, факултаи иқтисодӣ, шӯъбаи «андоз ва андозбандӣ» диплом бо ихтисоси «иқтисодчӣ».
Таҷрибаи корӣ:
2000-2008, Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, муҳосибот
Аз соли 2009 менеҷери идораи АТМХТ
Масъулият дар АТМХТ:
- логистика
- пешбурди хазина
- ташкил намудани вохӯриҳо ва чорабиниҳо
- кӯмак расонидан дар корҳои ҳаррӯзаи Директори иҷроия
- таҳия ва таҷдиди сомона

 


Светлана Мустакаева – намояндаи АТМХТ дар вилояти Суғд.

Маълумот:
Донишкадаи менеҷменти Тоҷикистон, факултаи «Тиҷорати байналхалқӣ», диплом бо ихтисоси «иқтисодчӣ».
Таҷрибаи корӣ:
2005-2007 филиали дар ш. Хуҷанд будаи ҶСК «Ориёнбонк»
2007 то ҳол намояндаи АТМХТ дар вилояти Суғд.
Масъулият дар АТМХТ:
- ҳамоҳангӣ бо ТМХ-аъзои АТМХТ дар вилояти Суғд фаъолиятдошта.
- Ҷамъоварӣ, муттаҳидсозӣ ва паҳн намудани маълумотҳои омории аъзоёни АТМХТ.
- ташкил ва гузаронидани ҷамъомадҳои минтақавӣ бо аъзоёни Ассотсиатсия дар вилояти Суғд.
- устувории фаъолияти низоми мубодилаи рӯйхати қарзгирон дар вилояти Суғд.

Моҳинисо Шарипова – намояндаи АТМХТ дар вилояти Хатлон
Маълумот: 1989-1992 Омӯзишгоҳи тиббии ш. Қурғонтеппа, диплом бо ихтисоси «кори ҳамширагӣ»
2004-2009 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Н. Хисрави ш. Қурғонтеппа, факултаи иқтисодӣ «менеҷмент ва маркетинг»
таҷрибаи корӣ: Ташкилоти байналхалқии ғайридавлатии фаронсавии AKTED.
2008 то ҳол намояндаи АТМХТ дар вилояти Хатлон.
Масъулият дар АТМХТ:
- ҳамоҳангӣ бо ТМХ-и аъзои АТМХТ дар вилояти Хатлон фаъолиятдошта.
- Ҷамъоварӣ, муттаҳидсозӣ ва паҳн намудани маълумотҳои омории аъзоёни АТМХТ.
- ташкил ва гузаронидани ҷамъомадҳои минтақавӣ бо аъзоёни Ассотсиатсия дар вилояти Хатлон.
- устувории фаъолияти низоми мубодилаи рӯйхати қарзгирон дар вилояти Хатлон.

Балхиёр Замиров – намояндаи АТМХТ дар ВМКБ
Маълумот:
Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, факултаи «иқтисодӣ», диплом бо ихтисоси «Муҳосиб»
Таҷрибаи корӣ:
1989-1991, нозири шӯъбаи молияи ноҳияи Рӯшон.
1991-1993-, Директори комбинати хизмати маишии ноҳияи Рӯшон.
2005-2006, Раиси кумита оид ба сарфакунии робитаҳои хориҷии ВМКБ.
2008-2009, Муовини директории Фонди қарзии хурди «Мадина»
Масъулият дар АТМХТ:
- ҳамоҳангӣ бо ТМХ-аъзои АТМХТ дар ВМКБ фаъолиятдошта.
- Ҷамъоварӣ, муттаҳидсозӣ ва паҳн намудани маълумотҳои омории аъзоёни АТМХТ.
- ташкил ва гузаронидани ҷамъомадҳои минтақавӣ бо аъзоёни Ассотсиатсия дар ВМКБ
- устувории фаъолияти низоми мубодилаи рӯйхати қарзгирон дар ВМКБ.

     
Донорҳо
Парниёрҳо

омор
© АМФОТ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2010 Сайт бо мусоидати маблағгузории GTZ таҳия карда шудааст Дар ПРОМОУШН кор карда шудааст