|
1.Шархи хармохаи иттилооти
Дар охири хар як мох идораи минтакавии АТМХТ шархи иттилооти мебарад, ки дар он оиди фаъолияти АТМХТ дар вилояти Сугд, дар бораи вокеахои бахши МХ дар вилоят, оиди лоихахои чори ва инчунин дар бораи ахборот дар гурухи МХ гуфта мешавад.
2. Мубодила аз рўи рўйхатхои мизочони АТМХТ.
Бо сабаби зиёдшавии таваккалхои карзии ташкилотхои молияви идораи минтакавии АТМХТ дар ш. Хучанд бо нияти бо рўйхатхои мизочони ТМХ-и аъзоёни АТМХТ мубодила намудан, баромад намуд. Якчанд мизхои мудаввар бо ТМХ-и фаъолтари вилоят гузаронида шуданд ва карори ташкил намудани низоми мубодила аз рўи рўйхатхои карздихандагони назди идораи минтакавии АТМХТ кабул шуд.
Аз соли 2008 дар назди идораи минтакавии АТМХТ дар вилояти Сугд, «Низоми мубодила аз рўи рўйхатхои мизочони ТМХ» ба кори худ шурўъ намуд. Аввал дар низом 6 ташкилотхо иштирок намуданд, баъди мавчудияти бомуваффакияти махзани мазкур боз якчанд муассисахои молияви хамчун аъзоёни АТМХТ, инчунин гайримизочони АТМХТ, аз он чумла Бонкхои тичорати хамрох шуданд, айни замон низом 10 ТМХ-и вилоятро муттахид месозад.
3.Тренингхои намояндагихои минтакавии АТМХТ.
1) Тренингхои кушода
Охири хар як мох тахлили талаботхои иштирокчиёни бахши МХ дар маводхои тахсилоти, тренингхо ва машваратхо гузаронда мешаванд ва дар асоси тахлили мазкур дар авали сол накшаи тренингхо тартиб дода мешавад.
2) Тренинги «in-house» - ба тренинги муайян дар вобастаги ба хусусият метавонад рўзхои машварати замима гардад. Иштирокчиён имконият доранд маслихати экспертонро дар муддати рўзи иловаги то ба итмом расидани тренинг ё фармоиши хизматрасонихои машваратии алохида барои ташкилоти худ гиранд. Ба гайр аз ин тренингхо, лоиха фармоишхои шахсиро («in-house», – тренинги work-shop) мувофики талаботхои ифодашавандаи худи мизочон, ё масъалахои аз чониби экспертони мо дар раванди ташхиси ташкилотхо ошкоршударо ичро мекунад.
4. Тахлили рушди бахш дар вилояти Сугд
Намояндагии АТМХТ дар вилояти Сугд хар семоха маърўзаро дар бораи рушди бахши маблаггузории хурд дар вилояти Сугд ирсол менамояд. Маърўзаи мазкур дар асоси маълумотхои ташкилотхои аъзоёни АТМХТ, ки чамъ ва баъд муттахид мешаванд, тахия мегардад.
5. Машварати Mix Market, махзани маълумотхои АТМХТ
- Маслињатхо тавассути саридораи АТМХТ:
Аъзоёни АТМХТ дар вилояти Сугд ба маслихатхо оиди фаъолияти ТМХ (ройгон) дастраси доранд.
- Кумак барои бакайдгири дар сомонаи MIX Market (бакайдгири дар холати чустучўи сарпарастон ва донорон муфид аст).
- Имконияти ба кор гирифтани маслихатчиён/мураббиён (хизматрасонии музднок барои хама). Мурабби ва маслихатчиёни Маркази техникии Олмон ва дигар шарикони АТМХТ хизматрасонихои машваратиро ба ТМХ пешниход менамоянд.
6. Гузарондани чаласахои минтакавии аъзоёни АТМХТ
Тахминан дар семоха 1 маротиба идораи минтакавии АТМХТ дар ш. Хучанд бо намояндагони ТМХ-и аъзоёни АТМХТ чаласа мегузаронад. Дар чаласахои мазкур масъалахои хеле мухим ва душворихои бахши маблаггузории хурд чи дар вилоят ва чи дар Точикистон мухокима мешаванд. Инчунин оиди хабархо дар сохаи маблаггузории хурд, дар бораи рўйдодхое, ки ба накша гирифта шудаанд ва баъзеи онхо аллакай гузаштаанд, гуфта мешавад. Кормандони идораи минтакавии АТМХТ муаррифкунии худро оиди мавзўъхои зарури ва хисоботро оиди рушди бахш дар вилоят пешниход менамоянд.
|